Daily Archives - 13.08.2019

Дар Душанбе ҷаласаи 28-уми Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи байниминтақавӣ оид ба стандартизатсия баргузор гардид.

10-11 июл дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 28-уми Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи байниминтақавӣ оид ба стандартизатсия  баргузор гардид. Ҷаласаро директори Агентии Тоҷикстандарт Қудрат Давлатзода ифтитоҳ намуд. Сипас аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим меҳмонон ва иштирокчиёни ҷаласаро хайрамақдам гуфта, фаъолияти босамари Ассотсиатсияи байниминтақавӣ оид ба стандартизатсия ва саҳми онро дар рушди иқтисодии кишварҳои аъзои он нек арзёбӣ кард. Ҳамзамон Сафири Фавкулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Алӣ Рифат Кёксал, президенти Институти стандартизатсияи Туркия, Раиси Ассотсиатсияи байниминтақавӣ оид ба стандартизатсия, профессор Адем Шаҳин сухан карда,  доир ба раванди ҳамкории судманд ибрози андеша карданд. Дар ҷаласаи мазкур [...]

Read more...