Дар Душанбе ҷаласаи 28-уми Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи байниминтақавӣ оид ба стандартизатсия баргузор гардид.
10-11 июл дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 28-уми Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи байниминтақавӣ оид ба стандартизатсия баргузор гардид.
Ҷаласаро директори Агентии Тоҷикстандарт Қудрат Давлатзода ифтитоҳ намуд.
Сипас аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим меҳмонон ва иштирокчиёни ҷаласаро хайрамақдам гуфта, фаъолияти босамари Ассотсиатсияи байниминтақавӣ оид ба стандартизатсия ва саҳми онро дар рушди иқтисодии кишварҳои аъзои он нек арзёбӣ кард.
Ҳамзамон Сафири Фавкулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Алӣ Рифат Кёксал, президенти Институти стандартизатсияи Туркия, Раиси Ассотсиатсияи байниминтақавӣ оид ба стандартизатсия, профессор Адем Шаҳин сухан карда, доир ба раванди ҳамкории судманд ибрози андеша карданд.
Дар ҷаласаи мазкур намояндагон аз давлатҳои Тоҷикистон, Россия, Албания, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Молдова,Ӯзбекистон, Туркия, Туркманистон иштирок доштанд.
Бояд қайд намуд, ки Муассисаи давлатии «Маркази миллū оид ба аккредитатсия»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 аъзои комилҳуқуқū ин созмони бонуфуз мебошад.
Дар ин муддат роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии «Маркази миллū оид ба аккредитатсия» дар чандин ҷаласаю ҳамоиш ва семинарҳои омўзишии Ассотсиатсияи байниминтақавӣ оид ба стандартизатсия иштирок намуданд.
Ҳамзамон мавриди зикр аст, ки дар доираи ҳамкорū бо Ассотсиятсияи мазкур барои баланд бардоштани савияи касбии кормандон зиёда аз 15 нафар мутахассисони Муассисаи давлатии «Маркази миллū оид ба аккредитатсия» аз рўйи стандартҳои байналмилалū ба омўзиш фаро гирифта шудаанд, ки ба пешбурди соҳаи аккредитатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.